БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
27 Ноябри 2024, Чоршанбе
Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода гардидани заминҳои кишоварзӣ, таъмини рафти кишти тирамоҳӣ, иҷрои супоришҳо ва протоколҳо оид ба фаъолиятм гурӯҳи корӣ, саривақт баровардани чорво аз ҳудуди шаҳри Душанбе, иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори протоколҳои назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе, ҷамъбаст намудани ҳисоботи 11 моҳи соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ дастурҳо дода шуд.