ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 29-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 Декабри 2024, Панҷшанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Кормандони ин ниҳод дар давоми фаъолияти хеш дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирву ошкор намудаанд ва дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.
Солҳои охир бо ғамхории давлату Ҳукумат ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити корию хизматӣ ва иҷтимоию маишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони он хеле беҳтар ва боиси пурзӯр шудани омодагии доимии касбии онҳо гардидааст.
Боварии комил дорам, ки кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои махсуси дигар сохтору мақомот дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун қарор хоҳанд дошт.
Бори дигар, ба ҳамаи шумо 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, ба кишвари азизамон Тоҷикистон тинҷию амонӣ ва пешрафту шукуфоиро таманно дорам.
Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони гиромӣ!