БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ".
ш.Душанбе. 06.12.2024. Имрӯз дар МД “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи Комиссияи озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.