БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР ПОЙТАХТ
06 Декабри 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе. 06.122024. Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Бонувон”-и Раёсати кор бо занон ва оила ва “Ҷовонон”-и Раёсати кор бо ҷавонон ваварзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, ки ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Мақсади баргузории чорабинӣ муаррифӣ ва нақши муассири бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат дар таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои созандаи ҳизби мардумӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Дар ҷамомади мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳриДушанбе Мирзозода Иброҳим ва муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сангинзода Дониёр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ муовинони ректори донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаву бахшҳо ва раёсатҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мудирони шуъбаву бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои пойтахт, сарбозон, устодону донишҷӯён ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур, аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки 30 сол муқаддам, яъне 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат ворид шуда, дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, робита миёни ҳизб ва ҷомеа тли ин солҳо натанҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфта истодааст.
Ҳизби мо барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ баҳри болидаҳотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ иборат аз дастагули суруду таронаҳои дилнишин манзури ҳозирин гардонида шуд.