Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Декабри 2024, Ҷумъа

ш.Душанбе. 06.12.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷаласаи Комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси Комиссия оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия Дилшод Раҳмон, баргузор гардид.
Дар ҷаласа доир ба натиҷаи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2024”, рафти иҷрои бандҳои алоҳидаи он қарор дода шуда, вобаста ба он сардори шуъбаи дуюми Раёсати ошкори фасодхона ва мавзеи савдои чаканаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Сафарбеки Ҳукумалӣ, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт, сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакї дар мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе Убайдзода Хисрав ва сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Зафар баромад намуда доир ба роҳҳои пешгирии чунин амалҳои номатлуб андешаҳову пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Илова кунед