МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА
Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳр Табарзода Ҷамшед бо ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва имкониятҳо барои роҳандозии табодули ҳайатҳо баррасӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, «Душанбе ҷонибдори идомаи тақвияти робитаҳо бо тамоми минтақаҳои кишвари дӯсти Ӯзбекистон мебошад ва омодааст дар масъалаи табодули таҷрибаи шаҳрсозӣ бо тамаркуз ба «шаҳри сабз» бо ҷонибҳои манфиатдор ҳамкорӣ намояд». Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе то 19 декабри соли ҷорӣ идома меёбад.