"ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ": ИНТИХОБИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ПОЙТАХТ

19 Октябри 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 19.10.2019. Имрӯз дар майдони "Боғи Нишон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази пойтахт бо мақсади амалӣи намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин иқдом дар партави дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади тарғибу ташвиқ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб ва шукргузорӣ аз имконоту шароити созгар баҳри ҳамарӯза машғул шудан ба фаъолияти варзишиву солимгардонӣ равона гардид.

Дар ин чорабинӣ масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, наврасону ҷавонон аз ташкилоту муассисаҳои гуногун, аз ҷумла мактабу толор ва федератсияҳои соҳаи варзиши пойтахт иштирок намуда, тавассути ин тадбир саҳм ва ҳамовозии худро дар арҷгузорӣ ба дастовардҳои варзишии варзишгарони кишвар ва пойтахт иброз доштанд.

Илова кунед