Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №27 АЗ 21.01.2025

21 Январи 2025, Сешанбе

Дар бораи тасдиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025»

Бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии кишвар, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2025 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                               Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати амалишавии ҷадвали мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» муқаррар гардида, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ баҳри таҳияи бастаҳои сайёҳии наврӯзӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҲи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ таъмин намоянд.

5.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                          Рустами  Эмомалӣ

                                                                                                    

Илова кунед