ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №38 АЗ 24.01.2025
Дар бораи омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Бо мақсади омӯзиши самараноки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он миёни қишрҳои ҷомеа, ки мутобиқи банди 1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025, №АП-722 тасдиқ шудааст, инчунин иҷрои банди 1 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2024, №903 ба тасвиб расидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ