ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №36 АЗ 24.01.2025
Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2024-2026 ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №485 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2024-2026 ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», ҳайати Шуро ва Низомномаи Шуро тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, амалисозии Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ таъмин намуда, ҳар нимсола аз натиҷаи он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.
3. Бахши васояту парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур муқаррар карда шуда, ҳар сол то 15 январ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ