Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №664 АЗ 29.10.2019

29 Октябри 2019, Сешанбе

Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини  шаҳри Душанбе соли 2018 дар соли 2019»

 

Бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаву созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»                                

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» соли 2018 дар соли 2019 гузаронида шуда, бо номинатсияҳо ва ҷойзаҳои зерин сазовор гардонида шаванд.

      - Ҷамъияти саҳомии  пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе»–номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»;

      -Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик»–номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

      - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик мебел»–номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

      -   Ҷамъияти саҳомии  пӯшидаи «Техноинвест» – номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

      -  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»-номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

      - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудӣ «Рамзан Сохтмон»–номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

      - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» –номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

      - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракати Сол»–номинатсияи «Хӯроки умум»;

      - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпром-нефт Таджикистан» номинатсияи - «Савдо»;

      - Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Торгмаш» – номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

      - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудӣ «Фавз»–номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология»;

      -  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои  Шумо»–номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

       - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Жасмин»–номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;

       - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Интер Фитнес» – номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

       - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РСМ Тоҷикистон»–номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

        - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кашфиёт Таҳлил Машварат»–номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

        - Ҷамъияти саҳомии  пӯшидаи «ТТ Мобайл» «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

        - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати  Телевизион ва радиои «Азия-Плюс»–номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ»

  1. Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар соли 2019 ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»–дониста шавад.
  2. Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2018» ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб, дигар довталабон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз  гардонида  шаванд.
  3. Муқаррар карда шавад, ки:

     - супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе сурат мегирад;

     - пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  шаҳри Душанбе, амалӣ гардонида шаванд.

  1. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.
  2. Қарори мазкур ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
  3. Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барои бо тантана гузаронидани маросими ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» чораҳо андешад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                                                       РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед