Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №32 АЗ 23.01.2025

23 Январи 2025, Панҷшанбе

Дар бораи таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар доираи иҷрои банди 57 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2024, №903 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеъ ва рафти татбиқи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                             Рустами Эмомалӣ

Илова кунед