БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА СИНОИ ПОЙТАХТ
07 Феврали 2025, Ҷумъа
ш.Душанбе. 07.02.2025. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси ноҳия Қодирзода Руслан Раҷаб барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқдисодӣ дар соли 2024 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси ноҳия Қодирзода Руслан Раҷаб доир ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 дар назди намояндагони васоити ахбори омма ба таври рунамо маълумот доданд.
Дар интиҳо Раиси ноҳия бо додани супоришҳои қатъӣ ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва таманниёти нек ба кулли иштирокчиён, ба нишасти матбуотии ноҳия ҳусни анҷом бахшиданд.
Дар қисмати дуюми рӯз, ҳамчунин нишасти матбуотии ноҳияи Сино оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Сино Гуреззода Умед оғоз бахшида, ҳозиринро бо тартиб ва шахсони иштирокунанда шинос намуданд. Сипас, дар доираи вақти ҷудошуда Раиси ноҳия ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои муҳим, нишондиҳандаҳои мусбии иҷроиши нақшаву стратегияҳо, инчунин корҳои анҷомдодашуда дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 дар ноҳия маълумот пешниҳод намуданд. Баъд аз пешниҳоди маълумоти муфассал намояндагони васоити ахбори омма ба и.в. Раиси ноҳия вобаста ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта саволу пешниҳодҳои худро пурсиш намуданд, ки аз ҷониби Раиси ноҳия ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир, бо қаноатмандӣ аз ташкили фазои озод ва мусоид барои мусоҳиба ва баёни андеша рӯзноманигорон миннатдории худро ба роҳбарияти ноҳия изҳор намуданд. Гуреззода Умед барои иштироки фаъоли васоити ахбори омма изҳори сипос карда, таманиёти нек ба кулли иштирокчиён намуданд.