ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ, БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО-И КИШВАР
07 Феврали 2025, Ҷумъа
ш.Душанбе. 07.02.2025. Ҷиҳати корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, ҷалб намудани ҷомеа ба корҳои идеологӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, имрӯз вохӯрии судманд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Дар вохӯрӣ Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Дилафрӯз Рустамзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаҳонгиршо Саъдизода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Лашкар Шарифзода, директори Муассисаи давлатии рӯзномаи “Паёми Душанбе”, Абдуалим Аҳтамзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи Раиси шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва аъзоёни Ассостсиатсияи блогерони Тоҷикистон ширкат доштанд.
Нахуст, Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе баромад намуда, изҳор дошт, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози ояндаи давлат ва рушду тараққиёти самтҳои афзалиятноки хоҷагии мардум барои пешрафти кишвар роҳнамо хоҳад буд. Дар идома аз рақамикунонии босуръати фаъолияти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки бояд аҳли ҷомеа, хусусан намояндагони васоити ахбори омма дар ҳамбастагӣ бо қарору меъёрҳои муқарраргардида фаъолият намоянд ва саҳми худро дар ин таҳаввулоти глобалӣ гузоранд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки зеҳни сунъӣ яке аз нишонаҳои бузурги рушди технологияи иттилоотӣ маҳсуб меёбад, ки бояд ҷомеа онро дуруст истифода намуда, дар фаъолияти рӯзмарраи худ самаранок истифода баранд. Ҳамчунин, Дилбар Одилзода дар хусуси талбандагии баъзе ашхоси муфтхӯр дар ҳудуди пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, қайд дошт, ки бояд дар ҳамкорӣ бо намоядагони васоити ахбори омма ва Ассотсиатсияи блогерон пеши роҳи чунин афрод гирифта шавад.
Дар идомаи ҷамъомад Лашкар Шарифзода, директори Муассисаи давлатии рӯзномаи “Паёми Душанбе”, баромад намуда, рисолати рӯзноманигорро дар хусуси инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, инчунин таҳия намудани маводҳои журналистӣ ва ҷавоб гардонидани масъулини ниҳодҳо ба матолиби таҳлилӣ-танқидии васоити ахбори омма ёдовар гардид.
Мавсуф қайд намуд, ки мутобиқи Фармони №622 (Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма)-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва муассисаву ташкилотҳо муваззафанд, ки ба маводҳои танқидиву таҳлилии журналистон дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вокуниш нишон диҳанд.
Сипас, Дилафрӯз Рустамзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба минбар баромада, оид ба фарҳанги бою ғанӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки мардуми мо дилсӯз ҳастанд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ба афроди нотавону эҳтиёҷманд дасти мадад дароз намоянд. Аммо мутаассифона, бархе аз ашхосе пайдо мешавад, ки худро ба беморӣ ва маъюбӣ андохта, сӯйистифода аз дилсӯзии мардум мекунанд. Ӯ гуфт, ки бояд намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон пайваста ҷиҳати кам намудани масъалаи мазкур маводҳои худро пахшу нашр кунанд.
Дар ҳамин мавзӯъ Абдуалим Аҳтамзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи Раиси шаҳр, оид ба масъалаи мазкур аз нигоҳи дин ҷавоб дода, изҳор дошт, ки даромади шахси солим дар ҳолати худро носолим нишон додан, ҳаром аст. Ӯ, ҳамчунин оид ба фарҳанги баланди инсонӣ, ахлоқи ҳамида ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад кард.
Ҳамчунин, аҳли ҷамъомадагон – намояндагони васоити ахбори омма ва аъзоёни Ассотсиатсияи блогерон андешаҳои худро иброз намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати равнақ додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва идеологӣ дар байни ҷомеа пайваста бо масъулини соҳа ҳамкориҳоро ба роҳ мемонанд.