Тоҷикӣ

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ - 2025

02 Марти 2025, Якшанбе

ш.Душанбе. 02.03.2025. Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, дар баробари дигар сокинони Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.

Илова кунед