ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ - 2025
ш.Душанбе. 02.03.2025. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.