Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №180 АЗ 04.04.2025

04 Апрели 2025, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани 6-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушду равнақи варзиш, дарёфт ва таъмини беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                             Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Шашумин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рӯзҳои 24-28 апрели соли 2025 дар кортҳои тобистонаи тенниси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории 6-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ва ҳайати Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Сино, роҳбарони воҳидҳои сохтории марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози мусобиқаи мазкур муқаррар гардида, дар ҳамкорӣ бо ҳайати Кумитаи тадорукот ва Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар мусобиқа таъмин намоянд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                              Рустами Эмомалӣ

Илова кунед