Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №181 АЗ 04.04.2025

04 Апрели 2025, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани нахустин Ҷоми ҷаҳони «City Mountainbike – 2025» оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ ва рушду равнақи варзиши велосипедронӣ, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                                           Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Нахустин Ҷоми ҷаҳони «City Mountainbike – 2025» оид ба велосипедронӣ рӯзҳои 12-13 апрели соли 2025 дар хатсайри то 1 километраи ҳудуди Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» (Боғи устод Рӯдакӣ) баргузор карда шавад.

2. Макони баргузории чорабинии мазкур бо истифода аз васлу насби тарҳ (конструксия)-и сунъӣ омода карда шавад.

3. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории нахустин Ҷоми ҷаҳони «City Mountainbike – 2025» оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳайати Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

4. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои заруриро андешанд.

5. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаи тадорукот, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони ҷумҳуриро мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар Ҷоми ҷаҳони «City Mountainbike – 2025» оид ба велосипедронӣ таъмин намоянд.

6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                          Рустами Эмомалӣ

Илова кунед