Э Ъ Л О Н: ОИД БА МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ВА ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР КӮЧАҲОИ А. ДОНИШ ВА ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
28 Апрели 2025, Душанбе
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони кӯчаҳои А. Дониш ва Дӯстии халқҳои ноҳияи Шоҳмансур мерасонад, ки дар асоси Рухсатномаи №14 барои амалигардонии корҳо вобаста ба кандани замин дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, оғози корҳои кандани замин дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А. Дониш пеш аз кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва шафати бинои боғчаи “Шаҳри зебои мо” аз 29 апрели соли 2025 то 15 майи соли 2025 амалӣ мегардад. Дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан интиқоли оби нӯшокӣ дар ин суроғаҳо қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо миқдори зарурии обро захира намоянд.