РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МАНЪИ ПАРВАРИШ ВА НИГОҲДОРИИ ЧОРВО ВА ҲАЙВОНОТИ ХОНАГӢ ДАР ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар ҷаласаи назоратӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор вобаста ба танзими қонунии манъи парвариш ва нигоҳдории чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастур дода, инчунин талаб намуданд, ки ҷиҳати иҷрои моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолиятро пурзӯр намоянд.
Барои вайрон кардани талаботи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418) ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 550).