Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №416 АЗ 01.07.2025

01 Июли 2025, Сешанбе

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                     ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум 15 июли соли 2025, соати 900 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа;

2.2. Дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт;

2.3. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;

2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ тибқи замима таъсис дода шавад (замимаи 1).

4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гуруҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то санаи 14 июли соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гуруҳи корӣ манзур созад.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.

                                                                        Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед