БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
25 Июли 2025, Ҷумъа

ш.Душанбе. 25.07.2025. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2025 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ба 16,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 24,5 фоизро ташкил дод.
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 50,3 миллион сомонӣ ё 131,3 фоиз, саноати коркард 1,9 миллиард сомонӣ ё 121,1 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,2 миллиард сомонӣ ё 130,2 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 53,2 миллион сомонӣ ё 137 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар таъмин гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 истеҳсоли энергияи барқ беш аз 756 миллион кВт соатро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба миқдори 2,3 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Аз ҳисоби роҳандозӣ гардидани низоми автомати-кунонидашудаи мазкур талафоти қувваи барқ нисбат ба солҳои қаблӣ аз 27 то 7 фоиз коҳиш ёфта, ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии он, ки пурра тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст, то 99 фоиз таъмин карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли неруи гармӣ ба 812,4 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар 10 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ ва дар 18 иншооти дигар корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ дар ҳаҷми 179 миллион сомонӣ ё 102 фоиз иҷро гардида, айни замон корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 53 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 77 муассисаи томактабӣ барои 18 ҳазор тарбиятгиранда бо маром идома доранд.
Дар ин муддати на чандон тулонӣ намуди зоҳирии пойтахтамон дигаргун, зебо ва дилписанд гардидааст. Услуби якҷояи Аврупоию Шарқӣ ва меъмории миллӣ, ки дар сохтмони иншоот ва биноҳо истифода мешаванд, шаҳри Душанберо ба шаҳри замонавию муосир мубаддал гардонидааст.
Дар моҳҳои январ - июни соли 2025 бо ҳама намудҳои нақлиёт 9,3 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 8,5 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 92 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 218 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи шартнома бо ширкати ватанӣ 60 адад электробуси замонавии нав харидорӣ гардида, дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт гузаронида шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 беш аз 11 ҳазор электромобил харидорӣ ва ворид гардид. Ҳамзамон 400 адад дастгоҳу таҷҳизотҳои пуркунандаи қувваи барқ ворид карда шудааст, ки пурра дар нуқтаҳои муайян насб гардида истодаанд.
Бо мақсади рушди ҳукумати электронӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо дар самти иқтисоди рақамӣ айни ҳол барномаи «Digital Dushanbe (гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ)» дар 121 зерсохтори Мақомот пайваст гардида, дорои 1071 адад утоқҳои корӣ мебошад.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба беш аз 10 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1 фоиз зиёд мебошад.
Нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ё 118,8 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 430 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Воридоти контингенти умумии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И. Сомонӣ 118 фоиз ё ба маблағи 666 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 109 фоиз ё ба маблағи 713 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 126 фоиз ё ба маблағи 498 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 124 фоиз ё ба маблағи 814 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Мақомот 11995 ҳуҷҷат, аз ҷумла 8033 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 3962 адад аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид гардидааст.
Вобаста ба моҳияти мактубҳои воридшуда аз ҷониби Мақомот ба 1576 мактуб ҷавоби расмӣ ирсол гардида, 6164 мактуб барои маълумот ва 293 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра 42 нафар кормандони Мақомот дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
Дар ин давра бо мақсади такмил додани донишу малакаи кормандони Мақомот 16 маротиба машғулиятҳои идоравӣ ва семинарҳо дар самтҳои гуногун ташкил ва баргузор карда шуд.
Бо мақсади роҳандозии ислоҳоти назаррас дар бозори истеъмолӣ, беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдою хизматрасонӣ, ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва ҷорӣ намудани рақобати солим дар асоси принсипҳои иқтисоди бозорӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Дар ин давра баҳри таъмин ва фурӯши молу маҳсулот дар пойтахт 27 адад бозорҳои коммуналию хусусӣ, аз ҷумла 21 адад дар самти кишоварзӣ, 5 адад фурӯши молҳои саноатӣ ва 1 адад бозори масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда истодааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шаҳрдорӣ беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар ин давра ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани пойтахт дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 64,6 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 630,7 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 15,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ва дар майдони 163,1 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии пойтахт дар ин давра 25 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки беш аз 808,9 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби 1672 адад техникаҳои махсуси партовкашонӣ ба миқдори 3,4 ҳазор тонна партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол карда шуд.
Аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 23422 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 6721 нафар шаҳрвандони бекор (3245 нафар занон) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Қобили тазаккур аст, ки аз ҳисоби ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 703 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, дар ин давра 86 маротиба вохӯрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 28 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе 169 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 62 муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 35245 нафар тарбиятгирандагон ва 2052 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 12338 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар зиёд мебошад.
Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2779 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо наврасону кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то синни 7 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 505 катҳои акушер-гинекологӣ ва 741 катҳои педиатрӣ мебошанд.
Дар сохтори тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3798 нафар табибон ва 6140 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 425 нафар, аз ҷумла 169 нафар табибон ва 256 кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.
Айни замон, дар тобеияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 578 нафар корманд фаъолият доранд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 616,6 ҳазор нафарро бонувон, аз ин 208,5 ҳазор нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра 3245 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, беш аз 1150 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Илова бар ин, дар ин давра беш аз 15,1 ҳазор нафар занони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ба қайд гирифта шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 3551 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 ҳолат зиёд мебошад.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳ ба 747 адад расида, нисбат ба соли гузашта 34 адад кам мебошад.
Бо ин мақсад дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҷмӯъ 2549 чорабинӣ бо фарогирии 950 ҳазор нафар гузаронида шуд.
Дар 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» 212 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5742 нафар варзишгарон дар 342 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.
Дар ин давра дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 3993 адад медал (тилло - 1408 адад, нуқра - 1149 адад ва биринҷӣ - 1436 адад) гардиданд.
Дар ин давра беш аз 762 ҳазор нафар сайёҳ тариқи тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181 ҳазор нафар ва ё 31 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи таҳлил ва арзёбӣ аз шумораи умумии сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридгардида, 60 фоизи онҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз хизматрасониҳои сайёҳии пойтахт истифода намуданд.
Дар ин давра беш аз 96,5 ҳазор меҳмонон тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан аз хориҷи кишвар ба шаҳри Душанбе сафар намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 28,6 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Айни замон дар шаҳр маҷмӯан 139 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 31 масҷиди ҷомеъ, 108 масҷиди панҷвақта, инчунин 29 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият менамоянд.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 785 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бо фарогирии 1932 гектар заминҳои кишоварзӣ фаъолият менамоянд, ки теъдоди асосии онро хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ ташкил менамоянд.
Тибқи дурнамо кишти зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Душанбе дар соли 2025 ҳамагӣ 1932 гектарро дар бар мегиранд, ки аз он 575 гектар кишти тирамоҳӣ, 1050 гектар кишти баҳорӣ ва 307 гектар юнучқаи солҳои гузашта мебошанд.
Кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар майдони 1666,3 гектар гузаронида шуд, аз ҷумла 778,4 гектар зироатҳои ғалладона, 397 гектар сабзавот, 171,5 гектар картошка, 307,4 гектар зироатҳои техникӣ ва 12 гектарро зироатҳои полизӣ ташкил медиҳанд.
Аз майдони умумии кишти зароатҳо 93 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 7 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ рост меояд.
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки як қатор ҷиноятҳо ба мисли куштор, авбошӣ, ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон, порахурӣ, ҷиноятҳое, ки дар ҳолати мастӣ содир шудаанд, бамаротиб коҳиш ёфт.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2025 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Шуъбаи иттилооти дастгоҳи
Раиси шаҳри Душанбе
тел: 221-45-14







