Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №697 АЗ 11.11.2019

11 Ноябри 2019, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани Форуми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон”

Бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишофи кӯдакон, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон бахшида ба 30 солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои банди 71 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 декабри соли 2018, №855 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”  ва моддаҳои 8 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” 

 ҚАРОР  МЕКУНАМ: 

  1. Форуми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” рӯзҳои 19-20 ноябри соли  2019 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак баргузор карда шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои мақомоти марказӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе”қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                    Рустами Эмомалӣ

Илова кунед