Тоҷикӣ

САРФАРОЗГАРДОНИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

26 Августи 2025, Сешанбе

Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Ордени Дустӣ дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд.
Мукофоти давлатиро ба муҳтарам Рустам Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев тақдим намуда, саҳми арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро дар густариши муносибатҳои неку ҳамсоягии ду кишвари дӯсту бародар таъкид намуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз қадрдонии хизматҳояшон ва сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Президенти ин кишвар изҳори миннатдории самимӣ баён намуданд.

Илова кунед