БОЗДИДИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ "АСТАНА ҲАБ"
26 Августи 2025, Сешанбе

Дар идомаи рӯз дар доираи барномаи сафари расмӣ дар Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Остона аз технопарки байналмилалии Астана Хаб (Astana Hub) боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Астана Хаб яке аз калонтарин технопарки байналмилалии стартапҳои иттилоотию технологӣ (IT) дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Раванди мазкур соли 2018 бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои технологии Қазоқистону кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки моҳи июли соли ҷорӣ бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул шуд, ки ба ҳайси аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ ба раванди татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таваҷҷуҳ медиҳад.
Ин ташаббус имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи самарабахши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ заминаҳои муносиби ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор фароҳам оварда шаванд.
Дар робита ба ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омӯзиши фаъолияти босамар ва таҷрибаи технопарки Астана Хаб-ро дар ин самт муфид арзёбӣ намуданд.







