Тоҷикӣ

БАГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НОНПАЗӢ ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ, ҚАННОДӢ, ҲАЛВОПАЗӢ, ШИРИНИҲОИ МИЛЛӢ ВА МУОСИР” ДАР ПОЙТАХТ

06 Сентябри 2025, Шанбе

ш.Душанбе. 06.09.2025. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони корхонаву ширкатҳои пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз номоиши навъҳои гуногун, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ гузаронида мешавад.
Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Илова кунед