ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
09 Сентябри 2025, Сешанбе

Ҳамдиёрони арҷманд!
Сокинони меҳандӯсти пойтахт!
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ, тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба муносибати ҷашни муқаддасу сарнавиштсози миллат - 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.
Истиқлоли давлатӣ, ки миллати куҳанбунёди мо онро пас аз талошу ҷоннисориҳои зиёд 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард, ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва дастоварди бузурги миллати тоҷик, пояи асосии давлатдории навин ва рамзи ифтихору сарфарозии миллӣ ба шумор меравад.
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва эътирофи фидокориву хидматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, метавон бо ифтихор зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари ҷавони мо ба як давлати воқеан муосиру рушдёбанда табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу башардӯстонаи худ мавқеи хосро соҳиб гардид.
Дар партави роҳбарии оқилона ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат, кишвари мо дармуддати кӯтоҳ аз вартаи буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдиди парокандагӣ раҳо ёфта, ба марҳилаҳои нави рушд устуворона қадам ниҳод.
Мо марҳила ба марҳила тавассути меҳнати созандаи мардуми шарафмандамон ба ҳадафҳои стратегии хеш ноил гардида, пояҳои давлати соҳибихтиёри миллиро таҳким додем.
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон раванди корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза гирифтааст.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки бо эҳсоси масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, инкишофи фарҳангу маърифат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пайваста талош карда, Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахти азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ҷашни пурифтихори миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ сидқан муборакбод намуда, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, файзу нусрат, ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии бемайлон ва ояндаи дурахшонро таманно дорам.
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!







