ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №808 АЗ 12.12.2025
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум 30 декабри соли 2025, соати 900 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026;
2.2. Оид ба лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2024;
2.3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №2 ва №21;
2.4. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №2 ва №21;
2.5. Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
2.6. Дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев;
2.7. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замима таъсис дода шавад (замимаи 1).
4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор карда, аз натиҷа ба гурӯҳи корӣ вобаста ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то санаи 27 декабри соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраршуда муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ







