Тоҷикӣ

ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21 Марти 2026, Шанбе

ш.Душанбе. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир гардида, ҳанӯзам идома доранд.
Пойтахти кишвари азизамон - шаҳри дилорои Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2026» ба таври идона ороста шуда, тамоми кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо қабои идона доранд.
Қобили қайд аст, ки ҳадафи асосии таҷлили ҷашни аҷдодии Наврӯз, ин таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати куҳанбунёди тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллат ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.
Шаби 20 ба 21 март намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳр ва сайёҳони хориҷӣ дар Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал" ҷамъ омада, бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, оможа намудани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.
Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулин ва сокинони чор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯзро бо инобати суннатҳои мардумӣ бо шукуҳ ва шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Корвони наврӯзии ноҳияҳои шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор дарвозаи пойтахт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.
Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800 солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба”, ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём оғози Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи аҷамро ботантана таҷлил намуданд.
Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор гардиданд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷҷасум ёфтанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил доданд.
Дар робита ба сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар пойтахт Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар форум намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, меҳмонони хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, коршиносону муҳаққиқон ширкат доштанд. Шоми 21 март бошад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ - 2026 иштирок намуданд.
Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.
Макони баргузории чорабинии наврӯзӣ - Наврӯзгоҳ бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ идона оро ёфта буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷамъомадагони сершумори барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Яке аз рамзҳои Наврӯз, ин баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, 22 март дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он гӯштингирони тоҷик ва хориҷ аз кишвар ширкат варзиданд.
Ҳамчунин имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам» Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз - мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ - 2026» баргузор хоҳад гашт.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба як шаҳри пур аз меҳр, муҳаббат, садоқат, самимият, шеъру суруд, садои хандаи тифлону нағмаи булбулон табдил ёфта буд.
Қобили зикри хос аст, ки таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузорӣ аз сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт.
Ҳамаҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикисон Ватани Наврӯз аст!

Илова кунед