Тоҷикӣ

БОЗДИД АЗ ПАРЛУМОНИ ФЛАНДРИЯ

27 Апрели 2026, Душанбе

27 апрел ҳайати намояндагони шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Исмоилзода Нурҷаҳон аз қароргоҳи Парлумони Фландрияи Шоҳигарии Белгия дидан намуданд.
Дар доираи ин сафар ба ҳайат оид ба сохтор, самтҳои афзалиятнок ва фаъолияти қонунгузории парлумон маълумоти муфассал пешниҳод шуда, таъкид гардид, ки Парлумони Фландрия - мақоми қонунгузори минтақаи Фландрия буда, аз 124 вакил иборат мебошад, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд.

Илова кунед