ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ ЭКСИМБОНКИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
29 Апрели 2026, Чоршанбе

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири нақлиёт Неъматзода Фаррух ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин бо роҳбарияти Бонки содиротию воридотии Эксимбонки Кореяи Ҷанубӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба имкониятҳои маблағгузории лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе равона гардид, ки яке аз тарҳҳои калидӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр ба ҳисоб меравад.







