ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНӢ - ТИҶОРАТИИ ШАҲРИ АНТВЕРПЕН
29 Апрели 2026, Чоршанбе

Ҳайати шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон аз Маркази инноватсионии иқтисодии шаҳри Антверпен - “The Beacon” боздид намуд.
Дар меҳвари таваҷҷуҳ рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳои логистика, саноат, шаҳрҳои ҳушманд ва таъсиси экосистемаҳои иқтисодии муосир бо таваҷҷуҳ ба технологияҳои нав, зеҳни сунъӣ, дронҳо ва низомҳои худкор қарор гирифт.







