Тоҷикӣ

БОЗДИД АЗ ХОНАИ ТЕХНОЛОГИЯИ МОЛИЯВИИ ЛЮКСЕМБУРГ

30 Апрели 2026, Панҷшанбе

Дар идомаи сафар ба кишварҳои Бенилюкс ҳайати шаҳри Душанбе аз “Хонаи технологияҳои молиявии Люксембург (LHoFT)”-и Ҳертсогии Бузурги Люксембург боздид ба амал овард.
Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти LHoFT дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия ва соҳибкорӣ, гузариши рақамӣ, татбиқи низоми “Шаҳри ҳушманд”, инчунин рушди технологияҳои молиявӣ (Fintech), технологияҳои бунёдии молиявӣ (Fundtech), низоми пардохтҳои онлайнӣ ва дастгирии стартапҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳайати шаҳри Душанбе инчунин бо фаъолияти Маркази таҷрибавии зеҳни сунъӣ “AI Experience Center” ва Бизнес-инкубатори шаҳри Люксембург “Luxembourg City Incubator” шинос шуд.
Дар идома ҳамоиши тахассусии намояндагони ташкилотҳои технологӣ ва молиявии шаҳрҳои Душанбе ва Люксембург доир гардид, ки зимни он имкониятҳои сармоягузорӣ ва саноатии шаҳри Душанбе, инчунин стратегияи гузариши рақамии он муаррифӣ гардида, атрофи рушди робитаҳо бо экосистемаҳои зеҳни сунъӣ, ширкатҳои технологӣ ва ниҳодҳои молиявии ду пойтахт табодули афкор сурат гирифт.

Илова кунед