ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ба мусофирон, кам намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбону кӯчаҳо шурӯъ аз 26 ноябри соли 2019 фаъолияти микроавтобусҳои хатсайри №13 (мактаби №61 – Маркази савдои “Балх”) манъ карда шуда, хизматрасонӣ дар хатсайри мазкур тариқи автобусҳои хатсайри №11 (мактаби №61 – Маркази савдои “Балх”) ба роҳ монда мешавад.
Аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои нави муосири хатсайри автобусии №11 истифода баранд.
Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ қабул карда мешавад.