ИШТИРОКИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МУАРРИФИИ ЭЛЕКТРОБУСҲО

ш.Душанбе. 05.04.2026. 5 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Электробусҳо истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Нақлиёти мазкур бо 12 метр дарозӣ, дорои 32 ҷойи нишаст буда, ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ин давра аз ширкати мазкур 60 адад электробус харидорӣ гардида, дар хатсайрҳои пойтахт мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350кВт соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар натиҷаи иқдомҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати тадриҷан амалӣ гардидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе талаботҳои навро нисбат ба фаъолияти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи мусофиркашонӣ пеш оварда, дар дурнамои оянда ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳа ва амалисозии қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2022-2028 дар Пойтахт” тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати Корҳои Дохилӣ ва бинои шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии Раёсати Вазорати Корҳои Дохилӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.
Фармоишгари иншоот Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб ёфта, он дар масоҳати 1,56 гектар бунёд хоҳад ёфт.
Маҷмааи мазкур аз 3 бино иборат буда, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 ошёна бо таҳхона
ва дорои 45 адад утоқи корӣ, бинои муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 1 ошёна ва дорои 5 утоқи корӣ ва бинои шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии Раёсати Вазорати Корҳои Дохилӣ дар шаҳри Душанбе бошад аз 5 ошёна бо таҳхона ва 42 утоқи корӣ иборат мебошанд.
Иншооти мазкур ҳамчунин дорои майдончаи тамрин, майдони варзишӣ, майдони сафороӣ, нуқтаи тақсими сузишворӣ, таваққуфгоҳи мошинҳо ва таввақуфгоҳи ҷаримавӣ мебошад.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳ ва сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонии иншооти бунёдшаванда ба кормандон ва масъулон дастур супоришҳои мушаххас доданд.







