“ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИМКОНОТИ РУШДИ КӮДАКОН”: ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

20 Ноябри 2019, Чоршанбе

ш.Душанбе. 20.11.2019.  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба муносибати 30- солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак дар толори Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза"-и пойтахт Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” ба кори худ оғоз намуд.                  

Форуми мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз 11 ноябри соли 2019 бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишофи кӯдакон, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас созмон дода шуд.

Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раисон ва котибони  комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, роҳбарони муассисаҳои олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ, ҳамчунин васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак бо пахши филми мустанад"Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон" оид ба дастовардҳои пойтахт дар даврони соҳибистиқлолӣ шурӯъ гардид.

Кори Форумро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳӣ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба самъи иштирокдорони он расонданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Азим Иброҳим ҳозирини ҷамъомадро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба  ифтихори таҷлил аз 30-юмин солгарди қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак табрик намуд.

Дар назди иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини суханронӣ кард.

Тавре зикр гардид, рӯзи 20 ноябр дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҷлил мегардад.

Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маъруфияти хоса касб намудааст.

Ба ин муносибат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки имсол дар шаҳри Душанбе 30 солагии Конвенсияро ба таври васеъ таҷлил намояд.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак 20 ноябри соли 1989 бо Қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №22/46 қабул гардида, 2 сентябри соли 1990 мавриди амал қарор дода шуд. Он 26 июни соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб меёбад.

Ин сана ба  калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда бар дӯши онҳо вогузор шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ҳар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, ки “мо бояд кӯдаконро дӯст дорем ва меҳру муҳабати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем”.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд.

Баргузории Форуми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон" шароит фароҳам меорад, ки кӯдакон, пеш аз ҳама дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия карда шаванд.

Дар форуми байналмилалӣ намояндагони мақомоти роҳбарии вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода Саида Ғайрат дар мавзӯи "Ҳазор рӯзи аввали тиллоии ҳаёт-калиди рушди устувор", муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Назирӣ Латофат дар мавзӯи "Ҳуқуқи дастрасии кӯдак ба таҳсилот", муовини вазири адлия Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар мавзӯи "Таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибуллозода Раҷабмоҳ дар мавзӯи "Нақши Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак дар рушди ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо маърӯзаҳо баромад карда,  оид ба аҳаммият ва нақши Конвенсия дар рушду ташаккули кӯдакони тамоми сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум иштирокчиёни он ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар 4 бахш - маориф ва дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ислоҳоти қонунгузорӣ ва ҳуқуқ ба иштирок мубодилаи афкор намуда, нақши соҳаҳои мазкурро дар рушду такомули кӯдакон махсус ёдовар шуданд.

Дар доираи кори ин чорабинии байналмилалӣ намояндагони  Комиссияҳои оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” боздид намуда, бо намоишгоҳи  дастовардҳои кӯдакони пойтахт, ки бо як истеъдоди фавқулода ва маҳорати хоса дар сатҳи баланд офарида шудаанд,  шинос гардиданд.

Иштирокчиёни Форум, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дар пойтахти кишвар ҷамъ омада буданд, аз мавзеъҳои диловези фарҳангиву сайёҳӣ, аз ҷумла Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии "Кохи Наврӯз" боздид намуданд.

Форуми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” ба ифтихор аз таҷлили 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак дар пойтахти кишвар ба иди ҳақиқии якдиливу якдигарфаҳмии тамоми сокинони ҷумҳурӣ табдил ёфт. 

 

 

 

 

 

Илова кунед