БАРГУЗОРИИ РОҲПАЙМОИИ ИДОНА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

9 сентябр дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ роҳпаймоии идона бо иштироки беш аз 120 000 нафари касбу кори гуногун баргузор гардид.







