ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №749 АЗ 29.11.2019
Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Душанбе дар соли 2020
Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №1356 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Душанбе аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шавад.
- Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.
- Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаронидани чорабинии мазкур корҳои амалиро ба роҳ монанд.
- Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар муҳлатҳои муайянгардида бо мақсади гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ