ТОШКАНД: МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

03 Декабри 2019, Сешанбе

ш.Тошканд. 03.12.2019. 3-юми декабри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Зимни он ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанба ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ бароварда шуда, онҳо бемайлон густариш меёбанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сипоси амиқи худро ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Ӯзбекистон барои истиқболи гарм изҳор намуда‚ паём ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» зоҳир карда шуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона‚ эътимод ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Илова кунед