САФАРИ РАСМИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

04 Декабри 2019, Чоршанбе

3-юми декабри соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷоми нахустин сафари расмӣ озими пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон-шаҳри Тошканд гардид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови пойтахти Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанберо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва дигар шахсони расмии мақомоти ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ истиқбол гирифтанд.
Тошканд - пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо аҳолии тақрибан 4 миллион нафара яке аз шаҳрҳои калонтарин дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад.
Ва пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо ин бузургшаҳри Осиёи Марказӣ робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дигар умумиятҳо ба ҳам мепайвандад.  
Худи ҳамон рӯз дар доираи сафари расмӣ мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Зимни он ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
 
Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар-Асосгузори сувлҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанба ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ бароварда шуда, бемайлон густариш меёбанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сипоси амиқи худро ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Ӯзбекистон барои истиқболи гарм изҳор намуда‚ паём ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» зоҳир карда шуд. Мулоқот дар фазои дӯстона‚ эътимод ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
3-юми декабр дар дар толори меҳмонони расмии  ҳокимияти шаҳри Тошканд вохӯрии ҳайатҳои тарафайн таҳти сарварии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд муҳтарам Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахтҳои ду кишвар  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиёни музокирот ба нақши роҳбарони ҳар ду давлат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат‚ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушду тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.
Тарафҳо оид ба ташкил намудани намоишгоҳи маҳсулоту хизматрасониҳо, рӯнамои иқтидори саноатӣ-сайёҳии шаҳрҳо, бизнес-форумҳо, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои мутақобила байни корхонаҳои хурду миёна, мусоидати ҳамаҷониба дар баргузории вохӯрӣ, конференсия, симпозиум, намоишгоҳ ва ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони соҳибкорон, чорабиниҳои ҷамъомадӣ - намоишӣ бо ҷалби намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд.
Роҳбарони ҳарду пойтахт бо қаноатмандӣ зикр карданд‚ ки баргузории Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва дар ин замина гузаронидани Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони  Душанбе ва Тошканд ва Форуми соҳибкорони ҷавон ба иди ҳақиқии дӯстиву бародарӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар ҷамъбасти мулоқот Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳокимии шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои  тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ барои солҳои 2020-2021 имзо гузоштанд.
Нақшаи мазкур самтҳои асосии ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, савдо, нақлиёт, сохтмон, саноат, табодули барномаҳои фарҳангӣ, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва ғайра барои давраи минбаъда муайян мекунад.
 
 
 
 
 
 
 
 
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои шаҳри Тошканд тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мароқ зоҳир намуда,  бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бунёди стансияи метрои рӯизаминии "Оҳангарон", дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнобод шинос шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки метрополитени Тошканд соли 1977 бунёд гардида, аз 3 хатсайри нақлиётӣ ва 35 стансия бо дарозии 44 километр иборат мебошад. Ҳоло дар шаҳр бунёди метрои руйизаминӣ идома дорад, ки тӯли он тақрибан 50 километрро ташкил медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки тамоми таҷҳизоти метрополитени Тошканд дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд.
Рустами Эмомалӣ омӯхтани таҷрибаи шаҳри Тошкандро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.
Яке аз дастовардҳои шаҳри Тошканд тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди маркази мукаммали касбомӯзӣ таҳти унвони «Ба кор даъват менамоем» дар ноҳияи Яшнобод  маҳсуб меёбад, ки моҳи октябри соли равон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Зимни боздид аз ин боргоҳи таълимӣ Раиси шаҳри Душанбе оид ба табодули таҷриба дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон ибрози назар намуданд.  
Тавре тазаккур дода шуд, таҳсил дар марказ ройгон буда, он 3 моҳ идома меёбад ва 30 фоизи дарсҳо ба таври назариявӣ ва 70 фоиз дар амалия иҷро мешаванд.
Дар таълимгоҳ омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, барои муҳоҷирони ба Федератсияи Россия сафаркунанда равзанаи ягонаи барасмиятдарории санадҳо ташкил карда шудааст.
Дар марказ баробари касбҳои маъмулӣ, ҳамчунин барои маъюбон, беморон ва шахсони яккаву танҳо тарбияи парасторон низ ба роҳ монда шудааст. 
Дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар дар ноҳияи Чилонзор Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё худ Равзанаи ягонаи ба расмиятдароии ҳуҷҷатҳо созмон дода шудааст, ки Рустами Эмомалӣ зимни сафар бо ҷараёни кори он ошно гардид.
Бояд махсус ёдовар шуд, ки дар он барои эҳтиёҷмандон тамоми намудҳои хизматрасонӣ анҷом дода мешавад.
Маркази ягонаи ахбору маълумотдиҳӣ калотарин манбаъи иттилоот буда, дар кутоҳтарин фурсат мушкилоти корафтодагони тамоми соҳаҳоро осон мегардонад.
Ҳамарӯза ба агентии мазкур то 1000 нафар эҳтиёҷмандон муроҷиат  мекунанд.  
Зимни боздид аз пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд‚ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти қасри яхмолакбозии «Ҳумо Арена» мароқ зоҳир намуданд.
Сохтмони ин маркази варзишӣ соли 2017 оғоз гардида‚ он дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2019 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар он мусобиқаҳои гуногуни варзиши рӯйи ях‚ аз ҷумла хоккей‚ рақси рӯйи ях ва ғайра гузаронида мешавад. Маркази яхмолакбозӣ дорои 12500 ҷойи нишаст буда‚ бо 8 адад дастгоҳ ва муҳаррики сардкунанда муҷаҳҳазонида шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ягона дастаи хоккейбозони Ӯзбекистон "Бинокор" дар яке аз лигаҳои чемпионати Федератсияи Россия қувваозмоӣ мекунад.
Дар ҷараёни шиносоӣ Рустами Эмомалӣ ба китоби меҳмонони ифтихорӣ соядаст гузоштанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
Соли ҷорӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд Боғи этнографии «Наврӯз» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни боздид аз ин маркази намоишӣ-фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба намунаҳои осори миллӣ ва сохти шаҳрсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Боғи миллӣ дар масоҳати 4 километр тӯл кашида‚ таҷассумгари симои миллии 12 вилояти кишвар мебошад.
Мутахассисони соҳаи шаҳрсозии ҷумҳурӣ хусусиятҳои хоси миллии ҳамаи вилоятҳои мамлакатро дар шакли намуна-макетҳо таҳия ва ба маъраз гузоштаанд.
Дар намоишгоҳҳои ҳудуди боғ намунаҳои осори ҳунари ҳар як вилоят бо унсурҳои хоси маҳал‚ шурӯъ аз шаклу масолеҳи бунёди иморату хонаҳо то ороиш ва амволи рӯзғордории онҳо инъикоси худро пайдо намудаанд.
Дар боғ аз конструксияҳои металлӣ рамзи оғозу анҷоми рӯзи нав таҷассум гардидааст ва аз ин лиҳоз ба он "Наврӯз"  ном ниҳодаанд.  
Худи ҳамон рӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз силсилаи Корхонаҳои истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи “Артел” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.
Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  иттилоъ доданд, ки корхонаи “Артел” соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғорро истеҳсол менамояд.
Шумораи кормандони муҳандисӣ-техникӣ то имрӯз ба 7400 нафар мерасад.
Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад.
Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмуъ 500 номгӯи маҳсулот бароварда мешавад.
Маҳсулоти исеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.
Дар ҷараёни боздид мавзӯъи бунёди филиали ширкати "Артел" дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Дар рафти сафар Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон бо фаъолияти Шуъбаи шаҳрии милитсияи рақами 102-и ноҳияи Юнусобод шинос шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Тошканд ба таври намунавӣ шуъбаҳои милитсияи шаҳрӣ ифтитоҳ гардидаанд, ки ҳар кадоми он ба 40-50 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Шуъба бо шароитҳои муосири корӣ таъмин буда,   сокинон барои тамоми ниёзмандиҳо, аз ҷумла хадамоти фаврӣ - милитсия, ёрии таъҷилӣ, барқ, об, сӯхтор, ҳолатҳои фавқулода ва ғайра ба он муроҷиат мекунанд.
Ҳоло дар 11 ноҳияҳои шаҳр 76 адад чунин шуъбаҳо амал мекунанд. Дар шуъбаҳо баробари кормандони бахш ҳифзи ҳуқуқ, инчунин равоншиносон, бахши шиносномадиҳӣ, утоқи бозии кӯдакон низ таъсис дода шудааст. Тибқи лоиҳа Шуъбаҳои ноҳиявии корҳои дохилӣ ба сифати сохтори ҳамоҳангсоз фаъолият мекунанд.  
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо тарзи бунёд ва баҳрабардории конгресс-холли маҷмааи Тошканд-сity, ки дар масоҳати 43 ҳазор метри мураббаъ қад афрохтааст, шинос шуданд. Дар он барои баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ва музокироти сатҳи баланд тамоми имконоту шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Дар ошёнаи аввали он толори бузург бо ғунҷоиши 3,5 ҳазор нафар ҷойгир аст, ки имкони дар як вақт гузаронидани 4 чорабиниро доро мебошад. Когнгресс-хол дорои меҳмонхонаи ҳозаиразамон низ мебошад, ки дар ошёнаи 21-уми он тарабхонаи муосир мавқеият дорад.
Дар ҷараёни шиносоӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо имконият ва шароитҳои  фароҳамовардашуда дар «Tashkent City», планетарий ва Осорхонаи мадам Тюссо мароқ зоҳир намуданд.
Рӯзи дуюми сафар дар шаҳри Тошканд аз ошноӣ бо фаъолияти маҷмааи гармхонаи гулу ниҳолҳои назди Ҳокимияти шаҳр - ҶДММ "Гулу дарахтони ороишӣ" дар ноҳияи Учтеппа оғоз гардид.Тавре тазаккур дода шуд, корхонаи гулпарварӣ пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, ба таври электронӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Зикр гардид, ки соли 2018, пас аз омӯзиши таҷрибаи Туркия, Голландия ва Италия маҷмааи мазкур бо ҷалби 4 миллион доллари америкоӣ навсозӣ карда шуд. Имсол 17 миллион ниҳол парвариш карда шуда, соли оянда ин теъдод ба 25 миллион расонида мешавад. Гулҳои ин маҷмаа ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд. Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ  ба мувофиқа расиданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Дар ҷараёни сафар Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти яке аз варзишгоҳҳои марказӣ ва нисбатан навбунёди  шаҳри Тошканд - варзишгоҳи  «Миллӣ» шинос шуданд.
Дар даромадгоҳи варзишгоҳ Раиси шаҳри Душанберо ноиби Президенти Федератсияи футболи Ӯзбекистон, довари дараҷаи байналмилалӣ Равшан Ёрматов ва дигар чеҳраҳои намоёни футболи ӯзбек истиқбол гирифтанд. Нахуст Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нигораҳо ва аксҳои осорхонаи "Таърихи футболи Ӯзбекистон" шинос шуданд.
Ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд‚ ки  варзишгоҳи мазкур  соли 2012 бунёд шуда, дорои 34 ҳазор ҷойи нишаст мебошад ва бо тамоми таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар он бозиҳои байналмилалӣ‚ минтақавӣ ва дохилӣ‚ инчунин чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Дар назди варзишгоҳ Академияи футбол амал мекунад‚ ки дар он беш аз 940 нафар алоқамандони бозии футбол дар 7 майдон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ва анъанаҳои неки футбол ба Раиси  шаҳри Душанбе пироҳани рақами 7 ва кортҳои зарду сурх тақдим гардид.      
Рӯзи 4-уми декабр сафари расмии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанди бостонӣ  идома ёфт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва дигар намояндагони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати ӯзбек аз маҷмааи ёдгории таърихии "Ҳазрати хизр" боздид намуданд.  
Раиси шаҳри Душанбе ба оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов омада , ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи он гулдаста гузоштанд. 
Маҷмааи Имом-ал-Бухорӣ яке аз намунаҳои олии санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, маркази бузурги исломшиносии ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар рафти сафар ба Самарқанд Раиси шаҳри Душанбе бо намунаҳои осори таърихӣ ва меъмории маркази мазкур дар самти шаклу услуби бунёд, тарҳ ва унсурҳои меъмориву шаҳрсозии он мароқ зоҳир намуданд.
Муҷтамеъи мазкур соли 1998 бунёд гардида, аз  осорхона, китобхона ва масчиди ҷомеъ иборат аст. Ин маҷмааи   таърихӣ дорои маркази байналммилалии илмӣ-тадқиқотӣ низ мебошад, ки соли 2016 бунёд шуда, бо 14 марказҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои ҷаҳонӣ  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни сафар ба Самарқанд Раиси шаҳри Душанбе  яке аз намунаҳои беҳтарини осори меъмории Самарқанд - Гури Амирро тамошо карданд.
Мақбараи мазкур аз ёдгориҳои асримиёнагии шарқ буда, дар асрҳои 15-16 бунёд гардидааст.  
 
 
 
 
 Ёдгорӣ дар қисмати ҷанубу шарқии Самарқанди асримиёнагӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, таваҷҷуҳи ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Намунаи дигари осори меъмории шаҳр, ки Раиси шаҳри Душанбе аз он дидан карданд, майдони Регистон маҳсуб меёбад. Он дар маркази Самарқанд, дар масоҳати 6 гектар ҷойгир шуда, бо санъати олии меъморӣ  шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Дар се самти майдон се мадраса қомат афрохтаанд, ки аз лиҳози ороиши меъмории худ беназир мебошанд. Дар байни майдон амфитеатри қадимӣ ҷойгир шудааст, ки дар он чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки соли 2001 бо назардошти аҳамияти  таърихии Регистон шаҳри Самарқанд  ба руйхати Осори Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст.
Дар Самарқанд корхонаҳои азими саноатӣ бунёд гардидаанд, ки дар рушди иқтисодиёти шаҳр саҳми арзандаи худро мегузоранд. Яке аз онҳо Корхонаи автомобилбарории Самарқанд мебошад, ки соли 1997 ифтитоҳ гардида, ба истеҳсоли автобус ва автомобилҳои боркашу махсус машғул мебошад.
Дар ҷараёни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз соли 2006 шарики техникии корхона яке аз ширкатҳои маъруфи автомобилсозии ҷаҳон  ISUZU Motors Ltd. интихоб шудааст. Дар корхона 1400 нафар мутахассисону кормандон фаъолият намуда, дар он истеҳсоли 4 намуди автобус ва 5 навъи мошинҳои боркаш ба роҳ монда шудааст.
Корхона ҳамчунин шурӯъ аз соли 2009 бо ширкати автомобилбарории "Манн"-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти истеҳсоли автобус ва автомобилҳои боркаш ҳамкорӣ мекунад.
Ҳоло дар ҳамаи коргоҳҳои корхона соле то 9000 адад автобусу автомобилҳои гуногун  тавлид мешаванд. Зимни суҳбату мулоқотҳо ҷонибҳо бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ибрози андеша намуданд.
Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таҳикму таъмиқи муносибатҳои неки ҳамкориҳои минбаъда заминаи мустаҳкам гузошта, ба ҷашни ҳақиқии дӯстии  мардумони ду кишвари бародар табдил ёфт, ба анҷом расид.
Ниммаи дуюми рӯзи 4-уми декабр Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон пас аз анҷоми сафар ба Ватан баргаштанд. 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед