Тоҷикӣ

«ЭҲЁИ ШИРИНИҲОИ МИЛЛӢ»: ОЗМУНИ «ШИРИНИҲОИ (ДЕСЕРТӢ) МИЛЛӢ ВА МУОСИР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

06 Декабри 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 06.12.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт даври шаҳрии озмуни «Шириниҳои (десертӣ) миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Дар он ғолибони даври аввали 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои шириниҳои миллӣ ва муосирро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳо, тарғиби эҳтиром ба ғизо ва ҳунари ширинипазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни шириниҳои минтақаҳои кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни он, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани шириниҳои гуногуни миллию муосир ва ҳарчӣ бештар тарғибу ташвиқ кардани намуди шириниҳо иборат мебошад.

Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Бахусус дар бахши омодасозии шириниҳо бонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Мардуми тоҷик дар омодасозии шириниҳои миллӣ таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо то имрӯз ташаккул ёфта истодааст.

Анъанаи омодасозии шириниҳои миллатамон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназиранд.

Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф, аз қабили хамирӣ, ширӣ, мевагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд.

Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллиамон, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.

Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишалло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хоса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

Дар ҷамъбасти озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи дуввум ва ноҳияи Шоҳмансур соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 

Илова кунед