Тоҷикӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИШТИРОК ДАР ҲАШАРИ ДАРАХТШИНОНӢ

07 Декабри 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 07.12.2019. Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори истиқболи сазовори санаи фархундаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунад.

Имрӯз дар доираи Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғоз бо ҷараёни корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар пойтахти мамлакат мароқ зоҳир намуда, ба Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташриф оварданд ва бо дарахту буттаҳои нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд, шинос шуданд.

   
Тавре иттилоъ дода шуд, дарахту буттаҳои воридотӣ ба иқлими пойтахт-шаҳри Душанбе мутобиқ буда, дар баробари зебову дилкаш буданашон, ба саломатии инсон ва тозагии муҳити экологии атроф низ таъсири мусбӣ мегузоранд.

Аснои шиносоӣ, Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин бобати риояи қоидаҳои зарурӣ ҳангоми интиқоли дарахту буттаҳо то ба кишвар, инчунин шинонидан ва парвариши минбаъдаи онҳо, дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Тавре гуфта шуд, дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла 1363 бех дарахтони сирени ҳиндӣ, сливаи писардӣ ва клион шинонида шуданд.

Дар ҳамин ҷо Раиси шаҳр ба масъулин бобати тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон, бо истифода аз қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид дастуру супоришҳо доданд.

Зимни иштирок дар ҳашари умумишаҳрӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи дарахтшинонӣ ниҳол шинониданд.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо суръат идома дорад.

Дар ин замина, давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ду самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ  бо мақсади таъмини зебогию сарсабзии ин мавзеъ, наздики 400 бех дарахти Шоҳбулут (дуб) шинонида шуд, ки парвариши минбаъдаи он зери назорати хосса қарор дорад.

Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир туфайли фаъолияти пурсамар ва созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои худро ба куллӣ тағйир дод ва бо иморатҳои ҳозиразамон, хиёбонҳои мусоир, муассисаҳои фароғатӣ ва  боғу гулгаштҳои сарсабзу хуррам байни пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон мавқеи арзандаро соҳиб шуд.

Ҳамаи ин тадбирҳои созанда ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарору бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо иҷрои он, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароити шоистаи кору зиндагӣ фароҳам омад.

 

Илова кунед