ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №769 АЗ 11.12.2019
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 23 декабри соли 2019, соати 900 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 80 даъват карда шавад.
- Ба рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019».
2.2. Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе, барои соли 2020 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2018.
2.3. Дар бораи вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи кор бо занон ва оила.
2.4. Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум.
2.5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
- Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
- Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум тибқи замимаи 2 аз 11 то 21 декабри соли 2019 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраршуда муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ