РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ ХОҶАГИИ ЧОРВОПАРВАРИИ "ШИРИ НУРОБОД" ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДИДАН КАРДАНД

18 Декабри 2019, Чоршанбе

ш.Душанбе. 18.12.2019. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз хоҷагии чорвопарварии зотии гӯштии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод», ки дар деҳаи Ҳазораи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, дидан намуд.

Хоҷагии чорвопарварии мазкур бо мақсади таъмини бозори истеъмолии  шаҳр Душанбе   бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт ва бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод кардани маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфтааст.

Айни замон  дар ин хоҷагии чорвопаварӣ зиёда аз 500 сар чорвои калони зотҳои гӯштии ангус, алюкол, грифирд, сарсафеди қазоқӣ ва сиёҳ-ало барои зиёд намудани вазн парвариш  меёбанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар хоҷагии мазкур бо шароити парваришу нигоҳубини  чорво ва маҳсулоти истеҳсоли хоҷагӣ аз наздик шинос шуд.

Роҳбарияти ҶДММ  «Шири Нуробод» ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод  рӯзҳои 24-26  июни соли  равон  ба вуқӯъ пайваста буд, як зумра  корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Таъсиси хоҷагии чорвопарварии зотии гуштӣ  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолии пойтахт бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ сурат гирифтааст.

Тавре ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд,  хоҷагии чорвопарварии  мазкур   бо ташаббуси соҳибкор Файзалӣ Ҳоҷиев   дар масоҳати 4,8 гектар ташкил гардида, дар он имкони парвариши то 700 сар чорвои калон фароҳам оварда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе зимни боздид аз ин хоҷагӣ  таваҷҷуҳи хоҷагидоронро  баҳри дар шароити мутобиқу  ба талаботи  муосир ҷавобгӯ парвариш намудани  чорво,  аз ҷумла, таъмин онҳо  бо хӯроки серғизо, саривақт аз муоинаи бойторӣ гузаронидани ҳайвонҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба нигоҳубини он ҷалб карданд, то  барои аҳолии шаҳри Душанбе гӯшт ва маҳсулоти гӯштии   босифат  пешниҳод  шавад.

Зикр шуд, ки дар хоҷагӣ бо мақсади парвариши босифати чорво ва бемушкилот паси сар намудани фасли зимистон ба  миқдори зарурӣ  хӯроки чорво, аз ҷумла 2100 тонна силоси  ҷуворимакка ва  38 тонна дони он, 20 ҳазор донна тойбанди коҳ ва  52 тонна ҷав захира  шудааст. Инчунин бо ширкати «Агро-Трейд-ЛТД»-и Ҷумҳурии Қазоқистон барои ворид намудани 350 тонна ҷав ва 300 тонна кунҷораи офтобпараст шартнома ба имзо расидааст, ки воридоти он рӯзҳои наздик ба роҳ монда мешавад.

Масъулини  хоҷагии мазкур ба  Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар доираи ҳамкорӣ  бо шарикони хориҷӣ барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани зотҳои гӯштии чорво қарордоди ҳамкориро  ба имзо расонидаанд.

Аз ҷумла, бо «Ширкати содиротии Алгин»  (ТОО «Алгинская экспортная компания») ҷиҳати воридоти 4000 сар чорвои гӯштӣ бо вазнҳои аз 400 то 700 килограм ва бо хоҷагии деҳқонии «Азимхон»-и Ҷумҳурии Қазоқистон барои воридоти 1000 сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқӣ бо вазнҳои 250-350 килограмм шартнома баста шудааст.

Ҳамзамон роҳбарияти ҶДММ «Шири Нуробод» аз ҳисоби чорвои худи корхона 50 сар чорвои зоти сиёҳ - алоро бо вазнҳои аз 150 то 350 килограмм ба хоҷагӣ интиқол додааст.

Рустами Эмомалӣ дар хоҷагии мазкур  аз маҳсулоти истеҳсолии ин  корхона, ки аз навъҳои гуногуни анвои  ширию гӯштӣ, равған ва асал иборат буд, дидан намуд.

 Бояд гуфт, ки  маҳсулоти истеҳсолии хоҷагӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ ва завқу хоҳиши муштариён, дар зарфҳои гуногунҳаҷми чӯбию шишагӣ, пластикӣ ва ҳамзамон дар қуттиҳои алоҳида бастабандӣ шуда, ба  бозору марказҳои савдо ба фурӯш бароварда мешаванд.

Тавре гуфта шуд, асали ҷамъоваринамудаи замбӯрпарварони хоҷагӣ бо инобати гулу гиёҳҳои минтақаи кӯҳистони Нуробод дорои сифати баланд ва хусусиятҳои зиёди шифобахшӣ буда, талабгорони зиёд дорад. Ин аст, ки асал ва маҳсулоти аз он омодашуда, барои меҳмонону сайёҳон дар зарфҳои аз чӯби шоҳбулут сохташуда  бо вазнҳои  7, 15 ва 20 килограмм,  дар зарфҳои шишагию пластикӣ бо вазнҳои аз 500 то 1500 граммӣ бастабандӣ шудаанд.

Инчунин барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар борҷомаҳои зебои туҳфавӣ бастаҳои як, ду ва чордонагии асал ва муми занбӯр бо вазнҳои аз  500  то 2000 грамм омода гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулини марбутаи пойтахт бобати ба бозорҳои пойтахт  ворид кардани маҳсулоти хоҷагӣ ва пешниҳоди он ба сокинону меҳмони шаҳр, инчунин захира кардани миқдори зарурии маҳсулот дастуру тавсияҳои муфид дод.

Роҳбарияти ҶДММ «Шири Нуробод» иброз доштанд, ки аз дастгирию таваҷҷуҳи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардан шароити мусоид ҷиҳати пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ рӯҳбаланд гардидаанд. Ин иқдом ҳавасмандии онҳоро афзуда, дар оянда тасмим гирифтаанд, ки саршумори чорворо бештар намуда, бо ин роҳ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

 

 

 

 

Илова кунед