ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН РАИСИ ШӮРОИ КОР БО ЗАНОНУ ДУХТАРОН"
ш.Душанбе. 17.12.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон»-и пойтахт ҷамъбаст гардид.
Озмуни «Бењтарин раиси Шўрои кор бо занону духтарон» дар шањри Душанбе миёни раисони шўроњои кор бо занону духтарони шањраку мањаллањои шањри Душанбе бо маќсади иљрои ќарори Раиси шањри Душанбе аз 24 сентябри соли 2019, № 583 "Дар бораи баргузор намудани озмуни «Бењтарин раиси Шўрои кор бо занону духтарон» дар шањри Душанбе", татбиқи самарабахши сиёсати давлатии кор бо занону духтарон, љалби бештари бонувони лаёќатманд ба фаъолият дар бахшњои мухталифи љомеа роњандозї гардид.
Дар оғози чорабинӣ иштирокчиёни озмунро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода шодбош гуфта, ҳадафи баргузории озмуни мазкурро баланд бардоштани мақоми занонону бонувон дар ҷомеаи муосир арзёбӣ намуданд.
Ҳадафи асосии озмун такмил додани донишу маҳорати раисони шӯроҳои кор бо занону духтарон дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон ва оила дар шаҳраку маҳаллаҳо оид ба пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ҷудошавии оилаҳо, хурофоту бегонапарастӣ ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва экстремистӣ ва ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ба ҳунарҳои миливу мардуми ҳамкорӣ бо раисони шӯроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳо мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки озмун дар ду давр - давраи моҳҳои октябр-ноябр гузаронида шуда, ба даври шаҳрии он ѓолибони даври аввал, дар маљмуъ 12 нафар- Раисони Шӯроҳои занону бонувони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт роњхат гирифтанд.
Озмуни «Бењтарин раиси Шўрои кор бо занону духтарон» бо дарназардошти дараљаи маълумотнокї, дар њолати хуб ва бо тартиби муайян rарор доштани њуљљатгузорӣ, фаъолияти самарабахш миёни ањолї, баргузории чорабинињо дар мањалла ва тањти назорати доимї ќарор додани оилањои осебпазир, њолати умумии маънавиёти фарњангиву ахлоќии занону духтарон, сатҳи бекоршавии аrди никоҳ ва ҷинояткорӣ, ҳолати ободкорӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо ва ғайра ташкилу ҷамъбаст карда шуд.
Зимни баргузории озмун намоишгоҳи маҳсули дастони бонувони чирадаст ба маърази тамошои иштирокчиёни чорабинӣ гузошта шуд.
Пас аз натиҷагирӣ ва ҷамъбасти озмун аъзои Комиссия ғолибони даври шаҳриро ба таври зайл муайян намуд.
Ҷойи якум ба Яқубова Фароғат - раиси Шӯрои кор бо занону духтарони маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино бо касб намудани 133 хол ( 16,6 ), ҷойи дуюм ба Носирова Гулҷаҳон - раиси Шӯрои кор бо занону духтарони маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 118 хол (14,7) ва ҷойи сеюм ба Ҷӯраева Адолат - раиси Шӯрои кор бо занону духтарони маҳаллаи Шоҳмансури ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо дарёфти 109 хол ( 13,6) сазовор дониста шуд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон»-и пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе туҳфаҳо ва диплому ҷоизаҳо тақдим карда шуд.