Тоҷикӣ

БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ

19 Декабри 2019, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 19.12.2019. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Ҷаҳонгир Обидович,

Хабари лағзиши замин дар майдони сохтмонии хатти метрои Юнусободи шаҳри Тошканд, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард.

Итминони комил дорем, ки тадбирҳои аз ҷониби Ҳокимияти бародаршаҳри Тошканд андешидашаванда, ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои ин садама мусоидат хоҳад кард.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез, хоҳишмандам, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони қурбониён иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

 

Бо ҳамдардии амиқ,

Раиси шаҳри Душанбе                                                    Рустами Эмомалӣ

Илова кунед