ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

23 Декабри 2019, Душанбе

ш. Душанбе. 23.12.2019. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои мақомоти иҷроияи марказӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои муассисашон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.   

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019, лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2020 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2018, вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи кор бо занон ва оила, натиҷаҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Дар оғози кори иҷлосия, ҳисоботи Раис шаҳри  Душанбе  «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019 пешниҳод гардид.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар семоҳаи сеюми соли 2019 ба 10 миллиарду 342,1 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе  62 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ  бо фаргирии  810 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис гардиданд.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилони халқро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давоми 11 моҳи соли 2019 ҷалб намуда, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳи Раиси шаҳр ва воҳидҳои сохтории дахлдор ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр то давраи ҷамъбасти соли 2019  дастуру супоришҳо доданд. 

Иҷлосия нақшаи буҷети шаҳри Душанберо барои соли 2020 аз рӯйи нишондиҳандаҳои даромад ба маблағи 3 150 495  (се миллиарду 150 миллиону чорсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ тасдиқ намуд.

Ҳамчунин иҷрои буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 2 003 240  675 (ду миллиарду се миллиону ду саду чил ҳазору шашсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ  ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1 930 663 958 (як миллиарду нуҳсаду сӣ миллиону шашсаду шасту се ҳазору нуҳсаду панҷову ҳашт) сомонӣ, бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 72  576 717 (ҳафтоду ду миллиону паҷсаду ҳафтоду шаш ҳазору ҳафтсаду ҳабдаҳ) сомонӣ тасдиқ гардид.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андозҳо ва таъмини пурраи андозбандӣ, инчунин баланд бардоштани  интизоми андозсупорандагон вазифадор намуданд.

Иҷлосия вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи кор бо занон ва оиларо ҳамаҷониба баррасӣ намуда,масъулин ва сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои босифати стратегия, барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо, ки дар соҳаи кор бо занон ва оила қабул гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида,  баҳри фароҳам овардани шароит оид ба татбиқи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, бахусус оилаҳои осебпазир ва тақвияти сатҳи донишу маърифати онҳо, таҳкими муносибати солим дар оила ва муқовимат ба омилҳои парокандасозии он, пешгирии никоҳи барвақтӣ, фарҳанги бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва дигар буҳронҳои номатлуби  иҷтимоӣ миёни занону духтарон, инчунин бо мақсади рушди ҳунармандӣ дар оила, ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши қолинбофӣ ва атласуадрасбофӣ ва фарогирии ҷавондухтарон ба таҳсилоти босифат ва ҷалби занону духтарон ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва аз ҳисоби онҳо омода намудани мутахассисони кордону ташкилотчӣ ва болаёқат тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.                

Иҷлосия ҳисоботи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия ва назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум» ба инобат гирифта,   Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки бо назардошти натиҷаҳои фаъолият то давраи ваколати вакилӣ ҷиҳати таҷассуми иродаи аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ фаъолияти худро   самаранок ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки барои вакилони халқ боиси ифтихору сарфарозист, ки дар ин давраи фаъолияти Маҷлис ирода ва манфиати мардуми шаҳри Душанберо ифода намуда, баҳри рушди босуботи пойтахти мамлакат ва иҷрои қонунҳо дар маҳал корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пойтахт корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, шаҳри Душанбе симои худро ба яке аз шаҳрҳои муосиру замонавӣ табдил дод.

Мардуми шаҳри Душанбе дастовардҳои солҳои охири шаҳрдорӣ ва заҳмати бедареғу софдилонаи вакилонро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани пойтахти азизамон медонанд ва онро қадр менамоянд.

Раиси шаҳр тазаккур доданд, ки дар оғози соли нави 2020-ум дар кишварамон як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи сиёсии интихоботӣ гузаронида мешавад ва изҳори боварӣ карданд, ки дар ин давра низ фаъолияти вакилон содиқона ва танҳо барои таъмини волоияти қонун, якдилӣ ва ҳамраъии сокинони пойтахт равона мегардад.

Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба муносибати анҷоми фаъолияти пурсамар акси хотиравӣ гирифтанд.

 

Илова кунед