РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИФТИТОҲИ МАҶМААИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТИИ "МАНЗИЛИ ДАСТРАС"

27 Декабри 2019, Ҷумъа

 

ш.Душанбе. 27.12.2019. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии "Манзили дастрас", воқеъ  дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев   мавриди истифода қарор дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз соли 2013-ум оғоз гардида, вале бо сабабҳои гуногун кашол ёфт, аммо шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018-ум бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои сохтмонӣ аз нав вусъати тоза пайдо намуд.                                   

Маврид ба зикр аст, ки дар ин ҷо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмони манзили дастрас” бунёди 7 бинои 16 ошёна, 2 бинои  18-ошёна ва як бинои 20-ошёна дар муддати начандон тулонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои боздид аз маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба тамоми бинокорон барои иҷрои саривақтии корҳои барои иҷрои саривақтии корҳои ба зиммагирифтаашон изҳори миннатдорӣ намуданд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки иншооти мазкур туҳфаи арзишмандест ба истиқболи ҷашни таърихии сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти масъулин «Шӯрои нозирон”-и корхона, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр моҳи апрели соли 2018-ум таъсис дода шуд, ҷиҳати ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилот дар раванди корҳои сохтмонӣ нақши муҳим бозид.

Ба ҳайати “Шӯрои нозирон” намояндагони Раёсати сохтмони асосии шаҳр, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашии САНИИОСП”, дигар сохторҳои марбута ва худи саҳмгузорони манзилҳои истиқоматӣ шомил буданд.
Корҳои сохтмониро дар иншоот бинокорони 10 ширкати соҳибтаҷрибаи сохтмонӣ,  азҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Нури Шамс”, “Иқлими соф”, “Саймо”, “Фарзин-7”, “Агротехстрой”, “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дигарон дар асоси нишондодҳои лоиҳа бо истифода аз масолеҳи балансифат марҳила ба марҳила иҷро намуданд.

Ба Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи   касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд.

Аз ин шумора 470-адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд.

Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст.

Масоҳати умумии хонаҳо дар маҷмуъ   54 ҳазору 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ дар масоҳати умумии 5 ҳазору 213 метри мураббаъ марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар маҷмаа боғчаи кӯдакона, таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва рӯизаминӣ бунёд гардида, масоҳати умумии майдони сохтмон ва корҳои ободонии гирду атроф  бештар аз 2 гектарро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо   сокинони хонаҳои истиқоматӣ таваҷҷуҳи онҳоро ба корҳои ободониву созандагӣ, риояи маданияти шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист, муносибати ғамхорона дар истифода аз обу барқ, марказгармӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.

Бояд зикр намуд, ки дар маҷмаа бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ низ ба инобат гирифта шудааст.

 Аз ҷумла, бо мақсади таъмини барқ дар як гӯшаи саҳни биноҳои баландошёна 2 бунгоҳи барқӣ барои ҷойгир намудани 8 адад трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 1000 кВа ва дигар таҷҳизоти зарурӣ сохта шуда, ҷиҳати  пайвастан ба шабакаи муттамаркази гармидиҳӣ бошад, дар масофаи 760 метр ду қубури интиқолдиҳандаи оби гарм насб карда шудааст.

Ҳавзи зеризаминии захира ва таъмини оби ошомиданӣ барои захираи 400 метри мукааб об пешбинӣ шуда, дар ҳолатҳои садамавӣ имкон дорад, сокинони биноҳои истиқоматиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд.

Дар маҷмааи истиқоматӣ 3 майдончаи бозии кӯдакон ва ҷойи истироҳати калонсолон, масоҳатҳои кабудизоршуда дар саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи биноҳо воқеан ҳам ба ин мавзеъ зебогии бештаре зам намудааст.

Интихоби дурусти рангҳо дар ороиши намои беруна  боиси зебогии худи иншоот ва гирду атрофи гардидааст. Дар баробари ин барои шабона зебову назаррабо будани намои берунии иншоот корхои зарурӣ  апҷом ёфтааст.

Умуман, дар иншооти мазкур тамоми инфрасохтори зарурӣ барои истикоматкунандагон муҳайё карда шудааст.

  

 

Илова кунед