Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №854 АЗ 30.12.2019

03 Январи 2020, Ҷумъа

Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020

 

Бо мақсади муташаккилона баргузор намудани мавсими даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва татбиқи Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №621 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»,

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:                       

 

  1. Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Юсуфӣ М., Билол И., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.
  3. Раисони ноҳияҳои шахри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:

- омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд;

-ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 марти  соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд;

- барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд;

- бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ, руйхати аниқи ҷавонони сину соли даъватиро дар муҳлати кутоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд;

- муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

  1. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шахри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
  2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

 

                                                                     Рустами  Эмомалӣ

 

Илова кунед