ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2019 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2020

10 Январи 2020, Ҷумъа

ш.Душанбе. 10.01.2020. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2020 муайян гардиданд. 

Дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет ҳисобот доданд. 

Раиси шаҳр, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 15,1 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта  7,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,6 фоизро ташкил дод.  

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 121,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 118 фоиз, гардиши савдо 108,3 фоиз, мусофиркашонӣ 114,3 фоиз ва боркашонӣ 104,6 фоиз таъмин шудаааст. 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ   22 фоиз афзоиш ёфта, ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 62 адад  корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмуъ 31 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфт.

Соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма», корхонаи коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Зиркон», корхонаи истеҳсоли мебел аз ҷониби ҶДММ «Бисот», корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои заргарӣ аз ҷониби ҶСК «Равшан» ва корхонаи истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби ҶСП «Заводи асфалту бетон» бо таъсиси  беш аз 500 ҷойҳои корӣ ифтитоҳ гардида, барои бунёди 5 корхонаи саноатӣ дар самти  истеҳсоли семент, қолинҳо, таҷҳизотҳои барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва коркарди гандум бо 1150 ҷойи нави корӣ санги асос гузошта шуд.       

 

Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 42542 (чилу ду ҳазору панҷсаду чилу ду) адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз ё 1655 адад зиёд мебошад. 

 

Дар ҷамъомад муовини якум ва муовинони Раис шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли сипаригардида ҳисобот манзур намуданд. 

Тавре зикр гардид, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр соли 2019 дар маҷмӯъ дар 38 километр роҳҳои автомобилгард корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ, аз ҷумла тариқи эҳсонкорӣ 22 километр роҳҳо ба анҷом расонида шудааст.

Накшаи иҷрои буҷети умумии шахри Душанбе соли 2019 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша    зиёд мебошад.

Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи пойтахт Раиси шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд дар кутоҳтарин фурсат ислоҳ  гардида, роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.

Аз ҷумла Раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур доданд, ки бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро такмил дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ ва назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин забонҳои русиву англисӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ роҳандозӣ намоянд.

Раиси шаҳр ҳамчунин аз фаъолияти сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифат, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси шаҳр масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки бобати баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Аз мавзӯоти дигаре, ки ба таври амиқ таҳлилу баррасӣ гардид, рушди соҳаи сайёҳӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр ба шумор меравад.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021, ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт фаъолиятро дар самти рушди инфрасохтори соҳа тақвият бахшида, таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии пойтахтро ҷоннок намоянд.   

Дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти соҳаи нақлиёт масъулини соҳа муваззаф гардиданд, ки сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро баланд бардошта, ҷиҳати пешгирии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла ҳолатҳои танбашавӣ, берун аз хатсайрҳои муайяншуда баромадани воситаҳои нақлиёт, истифодаи дурусти кортҳои пардохти электронӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракати автомобилҳои боркаши сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳр тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.  

Тавре зикр гардид, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020   2130 иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардида, ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои давраи зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 ҷиҳати таъмини боз 200 адад бинову иншоотҳои иловагӣ бо энергияи гармӣ корҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.,

Соли сипаришуда дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ дар шаҳри Душанбе 1899 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 922 адад биноҳо ва азнавсозии 237 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 103 фоизи иҷроиши нақшаи умумии чорабиниҳои соли сипаришударо ташкил медиҳад.

Дар ин робита, муовинони Раиси шаҳр, Раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори пойтахт вазифадор гардиданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқ бунёд гардидани иншооти бунёдшавандаи шаҳр таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръат ҷиҳати солимгардонии корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди маънавиёт ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳанги миллию умумибашарӣ ва пешгирии фарҳанги бегона, таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини пардохти пурраи андозҳо, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави андоз, таъмини сифатноки аҳолӣ бо неруи барқу гармӣ, оби нӯшокӣ, пешгирии талафоти барзиёди он, насби ҳисобченкунанҳои муосир ва ҷамъоварии маблағи истифодаи онҳо бо ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таблиғу ташвиқи одоби  шаҳрнишинӣ миёни сокинон, барориши саривақтии партовҳо, захираи кофии маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар масоили муҳим диққати ҷиддӣ дода, дар назди масъулини соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт вазифадор гардиданд, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва амният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Раиси шаҳр масъулин, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро муваззаф сохтанд, ки бо дарназардошти дар соли 2020 баргузории як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи сиёсии  интихоботӣ бо инобати талаботи чорабинӣ шароити мусоиди маъракаи сиёсиро таъмин карда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Дар ин робита     корҳои ободониву созандагиро вусъати тоза бахшанд ва дар муаррифии арзандаи пойтахт, чун оинаи давлат нақши арзандаи худро гузоранд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2019 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то 01.01.2020

  

 

 

 

  

 

 

 

Илова кунед